Санади низоми сарҳади давлатӣ тасдиқ гардид

Январь 17, 2013 16:52

Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон тасдиқ карданд. Санади мазкурро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймуъмин Ятимов дар назди вакилони парлумони мамлакат тавзеҳ дода гуфт, ки Созишнома 5 июни соли 2012 дар Пекин аз ҷониби вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин ба имзо расидааст. Созишнома тартиби нигоҳдорӣ, гузоштан ва манъи аломатҳои сарҳадӣ, гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт, интиқоли бору мол, пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва дигар фаъолият, ҳалли моҷароҳои сарҳадӣ, фаъолияти намояндагони сарҳадӣ ва соири масъалаҳои низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро муайян намуда, тартиби ба роҳ мондани ҳамкориҳои мақомоти ваколатдори ду ҷонибро дар бахши сарҳад ба танзим медарорад.

Январь 17, 2013 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд