«Ширкати Алюминийи Тоҷик» сохторбандӣ мешавад?
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Дар соли 2012 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷаи давлат зиёда аз 57,8 млн. сомонӣ ва ба буҷаӣ ҷумҳуриявӣ зиёда аз 42,5 млн. сомонӣ ва ба буҷетҳои маҳаллӣ 15,3 млн. сомонӣ ворид гардид. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ 28 январ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов иброз дошт. Вай зикр намуд, ки иҷрои нақшаи буҷаи ҷумҳуриявӣ барои соли 2012 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ қариб 2 маротиба зиёдтар таъмин шудааст.Бояд зикр намуд, ки нисбат ба соли пешин даромади маблағҳо ба буҷаи ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби фурӯши иншооти манқул ва ғайриманқул 170%, аз ҳисоби иҷора 105%, аз ҳисоби суди саҳмияҳои давлатӣ ва ҳиссаи давлат дар ҷамъиятҳои хоҷагидор 2,8 маротиба афзудааст.Д. Саидов иттилоъ дод, ки лоиҳаи нақшаи инфиродии сохторбандии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз ҷониби кумита таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






