Шумораи истифодабарандагони Интернет ба 3,7 миллион нафар расид
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – «Дар соли 2012-ум аз даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерон 2 миллиарду 282 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат андоз пардохт гардидааст», зикр намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи ҶТ Рафикҷон Шокиров. Мавриди зикр аст, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1 миллиарду 88 миллион сомониро дар бар мегирад. Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ 8,3 миллионро ташкил намуда, аз ин ҳисоб 4,7 миллион муштарии фаъол мебошад. Шумораи истифодабарандагони Интернет 3,7 миллион нафарро дар бар гирифтааст. «Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5 адад дастгоҳи телефонии собит, ба ҳар 100 нафар шахрванди ҷумҳурӣ 60 адад дастгоҳи телефони мобилӣ рост меояд ва аз ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 47 нафараш истифодабарандаи Интернет мебошад», гуфт дар хотима Р.Шокиров.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






