Шумораи занҳои нашъаманд коҳиш ёфтааст
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2012 шумораи шахсоне, ки ба бемории нашъамандӣ гирифторанд, 7231 нафарро ташкил медод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба қавли манбаъ, шумораи занҳои мубтало ба бемории нашъамандӣ соли 2012 219 нафар буда, дар муқоиса бо соли 2011 8% коҳиш ёфтааст. Бояд гуфт, ки аз соли 2008 инҷониб ошкоркунии ҳолатҳои нашъамандӣ аз тарафи муассисаҳои тиббӣ зиёд шуда, аз 23,2%-и соли 2008 ба 84,7% дар соли 2012 афзоиш ёфтааст, ки ин яке аз омилҳои зиёд шудани муроҷиати ихтиёрии шаҳрвандон мебошад.Омили дигари нишондиҳандаи вазъи нашъамандӣ дар мамлакат боз ҳам баланд будани нишондоди истеъмолкунандагони тазриқии маводи нашъадор мебошад. Дар соли 2012 шумораи онҳо аз теъдоди умумии нашъамандон 4882 нафар (67,5%)-ро ташкил дод. Ҳамзамон дар соли 2012 шумораи сироятёфтагони ВНМО зиёд шудааст, ки яке аз сабабҳои асосии он мукаммал шудани системаи ошкор намудани беморон ва ташкили фаъолияти фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад, зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






