Соҳибкорони беҳтарини Суғд муайян шуданд

Январь 31, 2013 11:48

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Достонзода). — Дар толори «Чойхонаи миллӣ»-и Қасри фарҳанги Арбоб мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо соҳибкорони вилоят баргузор гардид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода оид ба самтҳои минбаъдаи рушди соҳибкорӣ дар вилоят сухан гуфта, изҳор дошт, ки ҳоло меҳвари рушди устувори иқтисодиёт соҳибкорӣ буда, он ба ҷараёни инноватсионӣ ва пешравии илмиву техникӣ суръат бахшида истодааст.Бо мақсади ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷиҳати саҳмгирӣ дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба соҳибкорони беҳтарин мукофотҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуданд.Бобо Бобохонов, муовини сардори ҶДММ КМ «Зарафшон» — и шаҳри Панҷакент «Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ», Абдусалом Саломов, сарвари хоҷагии деқонии «Понғоз»-и ноҳияи Ашт — «Соҳибкори беҳтарин дар соҳаи истеҳсолоти агросаноатӣ», Салима Исматова, сардори корхонаи дӯзандагии «Салима»-и шаҳри Исфара- «Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи пешниҳоди хизматрасонӣ», Илҳом Сангин, роҳбари ҶДММ «Равзана Пластик»-и шаҳри Хуҷанд-«Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ», Аҳад Раҳимов, соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Б.Ғафуров -«Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи содироти мол», Фаррух Шарифов, соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Мастчоҳ «Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи эҳсонкорӣ» эълон гардиданд.

Январь 31, 2013 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!