Сохтмони гимназияи президентӣ дар Кӯлоб

Январь 18, 2013 11:19

Кӯлоб, 18 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар сохтмони маҷмааи гимназияи президентӣ барои 640 нафар хонанда аз ҷониби фармоишгар- Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо ҷалби 10 ташкилоти пудратчӣ корҳои сохтмонӣ бовусъат идома доранд. Дар бинои хобгоҳи гимназияи президентӣ дар айни ҳол аз 40 нафар мутахассиси ташкилоти сохтмонии ҶДММ «Фаридун» 15 нафар дар қисмати сохтмони болопӯши бино ба кор ҷалб гардиданд. Сохтмончиён мақсад доранд ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро дар болопӯши бино ба анҷом расонанд. Тибқи лоиҳа маҷмааи гимназияи президентӣ барои 640 хонанда дар масоҳати 9 гектар бунёд мегардад, ки 5 гектари онро қитъаи зери сохтмон ташкил медиҳад. Тавре ки масъулини шуъбаи меъмории шаҳр иброз доштанд, барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот аз охири моҳи январ корҳои ободонӣ дар саҳни иншоот шуруъ мегарданд.

Январь 18, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад