Солим бош- бе маводи мухаддир
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, дар маҷмааи варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи васеи футболи хурд ва волейбол байни зиёда аз 24 дастаи футбол ва 12 дастаи волейбол аз вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ зери унвони «Солим — бе маводи мухаддир» оғоз гардид, ки варзишгарон барои дарёфти Ҷоми «Вазири корҳои дохилӣ» байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар кушоиши мусобиқа зикр гардид, ки иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ боиси дастгирист ва он дар ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, пешгирии нашъамандӣ, беҳтар намудани қобилияти ҷисмонӣ ва солимӣ таъсири калон дошта, ҳамзамон барои муайян намудани чеҳраҳои нави варзиш, қобилияти баланди варзишӣ ва такмили варзиш дар ҷомеа нақши созгор хоҳад дошт.Мусобиқаи футболи хурд ва волейбол барои дарёфти Ҷоми «Вазири корҳои дохилӣ» дар ду марҳила то 20 феврали соли равон идома хоҳад ёфт, ки дар он пурқувваттарин дастаҳо байни ҳам рақобат хоҳанд кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






