Спитамен: Қисми зиёди маблағи буҷа барои соҳаи маориф

Январь 15, 2013 12:22

Суғд, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ). — Дар ноҳияи Спитамен маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2012 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2013 баргузор гардид.Зикр шуд, ки нақшаи солонаи воридоти даромади умумии буҷа ба андозаи 105,9 фоиз ва нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 105,6 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра аз ҳисоби буҷаи маҳаллии ноҳия барои маблағгузории соҳаи маориф 12681 ҳазор сомонӣ (60,2 фоиз), тандурустӣ 5091,9 ҳазор сомонӣ (24,2 фоиз), ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 205,8 ҳазор сомонӣ (1,0 фоиз), чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 951 ҳазор сомонӣ (4,5 фоиз) ва рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ 501 ҳазор сомонӣ (2,4 фоиз) равона карда шуд.Дар соли 2012-ум аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 110, 86 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,4 фоизро ташкил кардааст. Дар айни ҳол дар ноҳия 32 мактаб, 10 муассисаи томактабӣ, инчунин парваришгоҳ ва маркази таҳсилоти иловагӣ амал мекунанд.

Январь 15, 2013 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад