Суҳбати телефонии О. Оқилов бо И. Шувалов
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар»). — 11-уми январи соли 2013 суҳбати телефонии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов доир шуд. Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба кори комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва масъалаи рафти таҳия ва ба тавсиб расонидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.Тавре таъкид шуд, лоиҳаи созишномаи мазкур бо дарназардошти таклифу пешниҳодот ва хулосаҳои ҷонибҳо омода гардида, масъалаи ба имзо расонидани он дар вақтҳои наздиктарин роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






