Тақдими 7 нақлиёти хизматӣ ба ВКД

Январь 30, 2013 16:08

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои пешгирӣ ва ошкори ҷиноятҳо, таъмини амнияти мардум ва пос доштани сулҳу субот дар қаламрави кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, муддати чанд сол мешавад, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафорати ИМА ҳамкории қавиро ба роҳ монда, то имрӯз баҳри ба мақсад расидан дар роҳи тарраққӣ ва ислоҳоти сохтори мақомоти корҳои дохилӣ якчанд корҳоро ба сомон расонидаанд.Имрӯз низ дар доираи чунин ҳамкориҳои қавиву густурда аз ҷониби намояндагии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Америка ба Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД 7 мошини хизматӣ тақдим карда шуд.Чорабинии мазкур бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидхон Ҷӯрахонов, намояндагони Сафорати ИМА Патрик Беллингер, сардори минтақавии амниятӣ ва Артур Тарян доир гардид.Мақсад аз тақдими мошинҳои хизматӣ- ин фароҳам овардани шароит барои сари вақт бартараф ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад,- иттилоъ дод манбаъ.

Январь 30, 2013 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд