Тақвияти сиёсати экологӣ
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар мавзуи ҳифзи муҳити зист озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтаринро эълон менамояд. Ҳадафи озмуни мазкур тарғиби сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологист. Гуруҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносону мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон доранд силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро ба унвонии озмун ирсол намсоянд. Аз Хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат бьа АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд фарогири мавзуъҳои тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирикунанда ва мутобиқсозии иқтисодиёти кишвар ба оқибатҳои ногувори он, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, масъалаҳои экологии байнимарзӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зист, хусусан истифодаи захираҳои обию энергетикист. Муаллифони мақолаҳо имкон доранд маводи худро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ ба озмун ироа созанд. Озмун аз 1 январ то 25 декабри соли равон гузаронида шуда, ду маротиба дар давоми сол — аз 20 то 25 июн ва аз 20 то 25 декабр ҷамъбаст мегардад. Ғолибони зинаи аввали озмунро мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, зинаҳои дуюм ва сеюмро 1500 ва 1000 сомонӣ интизор аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






