Таҳкими ҳамкориҳои марзии Тоҷикистон бо ҳамсояи бузург
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – Ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистону Чин дар таҳкими муносибатҳои сарҳадӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Ба тасвиб расидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин, ки аз сӯи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид, шаҳодати гуфтаҳост. Созишномаи мазкур, ки аз 10 банд, 42 модда ва 16 замима иборат аст, масъалаҳои гузаштани хатти сарҳади давлатӣ, нигоҳдории аломатҳои сарҳадӣ ва тафтиши муштараки сарҳадӣ, ҳифзи обҳо, фаъолият ва таъмини тартибот дар ноҳияҳои наздимарзӣ, тартиби убури сарҳад, низоми робита дар ноҳияҳои наздисарҳадиро ба танзим медарорад. Амирқул Азимов-раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мегӯяд, ки бо назардошти ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави ҳамсоягӣ баъзе аз масъалаҳои низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин берун аз майдони танзими ҳуқуқӣ монда, зарурати қабули санади танзимкунандаеро тақозо дорад, ки ба инобат нагирифтани он эҳтимоли гуногунфаҳмӣ ва сард шудани муносибатҳои кишварҳои ҳаммарзро ба миён меорад. Аз ин рӯ ба тасвиб расонидани Созишномаи мазкур аз сӯи парлумони кишвар дар таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории ҳар ду давлат нақши муассир мегузорад. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон афзуд, ки байни Тоҷикистону Чин ҷиҳати танзими муносибатҳои сарҳадӣ силсилаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қаблан ҳам ба имзо расидаанд, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин» /13 -08 1999/, Созишнома байни Тоҷикистону Чин ва Қирғизистон «Дар бораи нуқтаи васли сарҳади давлатӣ» /5 -07-2000/, Созишномаи иловагӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин» /17-05-2009/ аз ҳамин қабиланд. Ин санадҳо ба сифати яке аз омилҳои асосии пойдевори дӯстиву рафоқат ва тавсеаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин хизмат намудаанд. Чин яке аз кишварҳои бузурги дунё ба шумор рафта, шарики стратегии Тоҷикистон аст ва бо кишвари мо дар ҳудуди 494 километру 953 метр сарҳади давлатӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки Чин аз давлатҳои асосии сармоягузор дар иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар бунёди иншооти азими аҳамияти стратегидоштаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ин кишвар беш аз 50 лоиҳаи дигарро дар доираи ҳамкориҳои муштарак дар кишвари мо дар оянда амалӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






