Таҷлили 80-солагии урологи тавонои тоҷик

Январь 28, 2013 17:38

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-29 январ дар «Толори тиб ва табиатшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи урологҳои Тоҷикистон ҷашни фархундаи 80-солагии зодрӯзи профессор Аслиддин Осимӣ таҷлил мегардад. Дар назар аст, ки ҳамоишро ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор У. Қурбонов ифтитоҳ намуда, мудири кафедраи урология, доктори илми тиб Д. Солеҳов таҳти унвони «Фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятии профессор А.С. Осимӣ» маърӯза намояд. Дар чорабинӣ олимони шинохтаи тибби ҷумҳурӣ, дӯстону пайвандон, шогирдони олим иштирок мекунанд. Боиси тазаккур аст, ки профессор Аслиддин Осимӣ тамоми умри бобаракати худро ба илми тибби тоҷик, минҷумла соҳаи урология бахшида, муаллифи 2 монография, 100 мақола, 62 тезис, 6 дастури таълимию методӣ, 10 пешниҳоди навоварона мебошад. Таҳти роҳбарии ў 4 нафар рисолаи номзади илмро дифоъ намудаанд. А. Осимӣ бо медали «Собиқадори меҳнат» (соли 1986), Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (соли 1983), «Аълочии тандурустӣ» (соли 1978), ва соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Шафқат» сарфароз гардидааст. Дар ин бора котиби матбуоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фотима Яқубова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Январь 28, 2013 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд