Таблиғи ғояи ватанпарастӣ миёни ҷавонон

Январь 15, 2013 14:31

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 20- солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариш бахшидани руҳияи ватанпарастии ҷавонон дар шароити кунунии истиқлолияти милливу давлатӣ дар давоми моҳи феврали соли равон баргузории силсилаи чорабиниҳоро, аз қабили маҷлиси тантанавӣ, машғулиятҳои машваратӣ бо муовинони командирони қисмҳои низомии гарнизони Душанбе, суҳбату вохӯриҳо бо ширкати собиқадорони ҷангу меҳнат дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои низомӣ, саёҳати хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ ба қисмҳои ҳарбии сохторҳои низомӣ, мусобиқаҳои ҳарбиву варзиширо миёни сарбозон ба нақша гирифтааст.  Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо ҷоннок кардани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзишӣ миёни сарбозони мақомоти қудратии мамлакат, вусъат бахшидани ҳисси ватанпарастии сарбозону хонандагон ва дар маҷмуъ наврасону ҷавонон маҳсуб мешавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.

Январь 15, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад