Таэквондочиёни тоҷик ба Амрико мераванд
Душанбе, 1 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 10-уми январи соли 2013 се нафар узви тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WTF) баҳри омӯзиши машқҳои таълимию варзишӣ ба Амрико сафарбар мегарданд. Инҳо Хисрав Ғиёсов дар вазни 68 кг (ҷои 5-ум дар Бозиҳои Осиё-2010), Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг ва Алишер Гулов дар вазни +80 кг мебошанд. Машқҳои таълимию варзишӣ дар шаҳри Денвери иёлати Колорадо таҳти роҳбарии Комил Латифов, ки ҳамчунин ба ҳайси сармураббии тими ин иёлат ифои вазфа дорад, гузаронида мешаванд. Соли 2012 Фарҳод ва Алишер иштирокчии XXX-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон буданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






