Талоши варзишгарони Бадахшон барои ишғоли зинаҳои ифтихорӣ
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-11-12-уми январ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусобиқаи кушода миёни наврасон оид ба гӯштини миллӣ доир гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 165 варзишгар барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ байни ҳам талош варзиданд. Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони ВМКБ дар соли 2012 дар 37 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 10 мусобиқаи Осиёву байналмилалӣ ширкат варзида, дар маҷмуъ 154 медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, 55-тои онро медали тилло, 44-тоашро медали нуқра ва медалҳои боқимондаро биринҷӣ ташкил медиҳад. Беҳтарин варзишгарони вилоят дар соли 2012 Бахтиёр Азизмадов дар намуди гӯштини тарзи озод, Артур Одилбеков дар намуди муҳорибаҳои омехта, Ардашер Мирзоев, Хушбахт Қурбонмамадов, Санавбар Шанбеев дар намуди дзюдо шинохта шуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






