Тамдиди Лоиҳа аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ

Январь 18, 2013 17:50

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ шурӯъ аз охири соли 2005 – ум ба кор оғоз намуда, то 31-уми марти соли 2012 мавриди истифода қарор дошт. Аз сабаби анҷоми муҳлати Лоиҳа бо назардошти аҳамияти идомаи азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ ва ба низом даровардани ҳуқуқ ба моликияти ғайриманқул бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Бонки Умумиҷаҳонӣ муҳлати фаъолияти ин лоиҳа тамдид гардид. Аз ин рӯ, тибқи созишномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба имзо расид, Лоиҳаи мазкур то марти соли 2015 тамдид щуд.   Директори Муассисаи давлатии Маркази татбиқи «Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ» Маҳмуд Хабиров иттилоъ дод, ки арзиши умумии давраи иловагии Лоиҳа 10 млн, 18 ҳазору 850 доллари амрикоӣ буда, асосан аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии Рушд тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ (10 млн. доллар) ва ҷомеаи деҳот (18 ҳазору 750 доллар) маблағгузорӣ мешавад. Зикр шуд, ки ҳадафи асосии Лоиҳа дар давраи нав асосан мусоидат ҷиҳати васеъ намудани доираи азнавташкилдиҳии ташкилотҳои кишоварзӣ, шурӯъ намудани корҳо оид ба бақайдгирии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ, мусоидат дар самти истифодаи аз ҷиҳати экологӣ устувори заминҳои кишоварзӣ ва амсоли инҳост. Тибқи иттилои Маҳмуд Хабиров Муассиса тасмим дорад, ҷиҳати ҳарчи бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои худ бо ҷомеа ва ВАО дар моҳҳои наздик сомонаи расмии худро таъсис диҳад.

Январь 18, 2013 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд