Таъсиси 5 шабакаи радио — телевизионии ғайридавлатӣ дар як сол

Январь 11, 2013 12:29

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-«Комиссияи литсензионии Кумитаи телевизион ва радио дар соли 2012 якчанд ширкати радио — телевизиониро мавриди муҳокима қарор дода ва танҳо дар соли 2012 панҷ шабакаи радио — телевизионии ғайридавлатӣ, аз қабили Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара» дар шаҳри Исфара, Ширкати радио ва телевизионии Ашт, Ширкати радио- телевизионии «Диёр» дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Симо ТВ» дар шаҳри Панҷакент ва Ширкати телевизионии «Мавҷи Истиқлол» дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз карданд», -зикр намуд Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО 11 январ. Раиси кумита аз камбудиҳои соҳа ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти шабакаҳои телевизионӣ баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд. «Ороиши студияҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуда, беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ба Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ тарҳи ороиши студияҳо барои барномаҳои сиёсӣ, фарҳангию фароғатӣ ва «Субҳ» пешниҳод шудааст»,- афзуд Асадулло Раҳмонов.  Гуфтанист, ки нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион то 01.01.2013 чунин аст: шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон 99, 72 %, ТВ «Сафина», 84,64%, ТВ «Баҳористон» 84,20% ва ТВ «Ҷаҳоннамо» 75, 71% мебошад.

Январь 11, 2013 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад