Таъсиси марказҳои иттилоотӣ дар «Рушди деҳот»
Душанбе, 24 январ . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди деҳот» марказҳои иттилоотию маслиҳатрасонии кишоварзӣ ва омӯзиши бозор дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва шаҳри Душанбе кушода шудаанд, ки онҳо барои сари вақт ва фаврӣ дастрас намудани маълумоти зарурӣ мусоидат менамоянд. Нақшаҳои корӣ, сатмҳои фаъолияти марказҳои мазкур, раванди корбурд ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисон дида шуда, 32 нафар мутахассиси маҳаллӣ, аз ҷумла 12 нафар зан бо кор таъмин шуд,-зикр кард директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов. Дар ин муддат 42 нафар мушовирони байналмилалӣ, 168 нафар олимону мутахассисони маҳаллӣ ва зиёда аз 8 ҳазор истиқоматкунандагони ноҳияҳои пилотӣ бо кори муваққатии аз 2 то 5- сола таъмин гаштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






