Таъсиси маркази омӯзиши забонҳо ба таври пилотӣ

Январь 30, 2013 10:13

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрон Абдулло бо сариқтисодчии Раёсати давлатӣ ва бахши молияи Бонки рушди Осиё Асад Сумбал доир гардид.Зимни мулоқот Саидғуфрон Абдулло доир ба самтҳои асосии фаъолият ва корҳое, ки то кунун тавассути Хадамоти муҳоҷират анҷом дода шудаанд, ёддовар шуд. Асад Сумбал аз пазироии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори ташаккур намуда, доир ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҷрибаи кишвари Филиппин дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва лоиҳае, ки қарор аст дар ин замина таҳия шавад, ибрози андеша намуд.Ў доир ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, касбомӯзии муҳоҷирон ва дигар мушкилоте, ки дар ин замина ба вуҷуд меоянд, пурсон шуд. Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират ба саволҳои Намояндаи Бонки Рушди Осиё посухҳои мушаххас дода, пешниҳод намуд, ки ба таври пилотӣ дар яке аз минтақаҳои тобеи марказ маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил шавад.Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ризоияти худро баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва мулоқоти навбатӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳа дар самти касбомӯзӣ баён доштанд.

Январь 30, 2013 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд