Татбиқи сиёсати соҳаи маориф дар Фархор
Кӯлоб, 8 январ.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Соли равон дар ноҳияи Фархор бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони деҳот аз тариқи ҳашар дар назди 13 мактаб 60 синфхонаи нави иловагӣ барои 1500 нафар хонанда бо таъмини шароити зарурии таълимӣ ба истифода дода шуд. Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 31 – и ноҳия як бинои нави таълимии иборат аз 4 синфхонаи дорои сад ҷои нишаст дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва зиёда аз 600 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуданд. Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 – и ноҳия низ бо маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тариқи ҳашар се синфхонаи нав ба истифода дода шуд. Дар назар аст, ки чунин синфхонаҳои иловагӣ боз дар назди ду муассисаи таълимӣ сохта шаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






