Таътили зимистона фарогири бозиҳои варзишӣ

Январь 18, 2013 11:19

Кӯлоб, 18 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар байни ҷавонону наврасон таътили зимистонаро мактаббачагони ноҳияи Данғара бо гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ идома дода, ҳамзамон ба гузаронидани маҳфилҳои адабӣ ва дарсҳои иловагӣ ҷалб мегарданд. Мактабҳои варзишӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таътил шумораи зиёди мактаббачагонро ба бозиҳои варзишӣ ва дарсҳои иловагӣ фаро гирифтанд. Ба гуфти Баҳром Рустамов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар таътили зимистонаи имсола навъҳои гуногуни мусобиқаҳои варзишӣ доир шуда, ҳайати дастаҳо фаъолтар гардиданд. Ҳоло дар бозии баскетбол 6 даста, дар вазнбардорӣ 3 даста, дар футбол 12 даста, дар намудҳои гуногуни гӯштин 8 даста ва дар бозиҳои шоҳмоту шашка 12 даста бо ҳам сабқат доранд.

Январь 18, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд