Таварруми солона — 6,4 фоиз

Январь 25, 2013 11:28

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Аз хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки сатҳи таваррум дар моҳи декабри соли гузашта 0,1 фоизро ташкил намуда, дар соли 2012 бо натиҷаи 6,4 фоиз ҷамъбаст шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,7 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,6 фоиз ба миён омад. Меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, дар интиҳои соли гузашта 6,5 фоизро ташкил дод.

Январь 25, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад