Технологияи нав барои ронандагон
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Автосантал» дар ҳамдастӣ бо шуъбаҳои бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати БДА ба ҷумҳурӣ 45 адад мошинҳои сабукрави замонавиро, ки бо таҷҳизоти аудӣ ва видеоӣ таҷҳизанд, ворид намуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, мақсад аз ворид намудани мошинҳои мазкур бо технологияи муосир- ин ҷорӣ намудани шаффофият дар низоми таълими мактабҳои ронандагӣ буда, онҳо дар қабули имтиҳонот ба таври васеъ истифода мешаванд.Ҳангоми қабули имтиҳон рафтору муносибати имтиҳонгиранда ва имтиҳонсупоранда тавассути дастгоҳҳои видеоӣ сабт гардида, воқеияти онро инъикос менамояд. Сабтҳои видеоӣ дар архиви шуъбаҳои бақайдгирии имтиҳонотии РБДА маҳфуз мемонанд. Ин ҳолат ба талаботе, ки барои қабули имтиҳонот ҷорӣ шудааст, ҷавобгӯй мебошад.Минбаъд нафароне, ки дар мактабҳои ронандагӣ таҳсил мекунанд, барои ба даст овардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва соҳиб гардидан ба дараҷаҳои «Б» ва «Д» ҳатман дар ин нақлиёт имтиҳон месупоранд ва дастгоҳҳои компютерӣ аз таълимгиранда оддитарин талаботи ронандагиро талаб менамояд.Ба роҳ мондани чунин талабот аз довталабон тақозо менамояд, ки қоидаҳои ронандагиро дар сатҳи баланд азхуд намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин технологияи муосир бори аввал дар Осиёи Миёна дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад, таъкид намуд манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






