«Тоҷик Эйр» ба боздошти хатсайрҳо роҳ намедиҳад

Январь 22, 2013 10:21

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- «Ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар ҳар як давлат фаъолият дорад ва ҳолати он симои кишварро бозгӯ мекунад. Ҳам роҳбарияти собиқ ва ҳам имрӯзаи ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш доранд, ки тамоми қувваи худро бар он равона созанд, то сатҳи ширкати давлатии ҳавопаймоиро баланд бардоранд, ки ин, албатта, кори осон нест», -зикр кард 21 январ директори генералии нави ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев зимни нишасти матбуотӣ.Ф. Ҳамроев гуфт, ки пештар, ҳангоми ба сохторҳо ҷудо намудани ширкат, сохторҳои даромаднокро аз он ҷудо кардаанд, вале қарзҳои то ин замон ҷамъшударо миёни муассисаҳои нави соҳаи мазкур тақсим накардаанд. «Дар айни замон дар ширкати ҳавопаймоӣ аз 36 ҳавопаймои дар мувозина буда 12 адади он парвоз мекунад ва шумораи кормандон ба 720 нафар мерасад. Аз ин рӯ мо ният дорем, ки дар муддати наздик ҳайати кормандонро 30% ихтисор намоем»,- афзуд директори генералӣ ва зикр кард, ки ихтисор ба ҳайати сарнишинон ва муҳандисону техникҳо дахл надорад. Ф. Ҳамроев ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз 12 ноябр инҷониб боздошти ягон хатсайр бинобар сабаби қарздорӣ барои хизматрасонӣ аз ташкилотҳои ҳамкор рух надодааст. Ба қавли директори генералӣ дигар ин масъаларо метавон ҳалшуда ҳисобид.

Январь 22, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд