Тоҷикистон бо хатарҳо муқовимат мекунад?
Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Кадом хатарҳо вуҷуд доранд, ки ба амнияти миллии давлати мо ва кишварҳои минтақа таҳдид менамоянд? Дар посух ба ин савол Сайфулло Сафаров-муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ 11 январ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки хатарҳое, ки ба амният ва суботи кишвари мо ва минтақа халал эҷод менамоянд, гуногунанд. Хусусан нооромии вазъият дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои низомии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ/ ва Амрико аз қаламрави ин кишвар, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла паст шудани сатҳи иқтисодиёти ҷаҳон, ба буҳрони молиявӣ дучор гардидани баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои Аврупоӣ аз ҳамин қабиланд. Мавсуф таъкид кард, ки Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ ва муқовимат бо ин хатарҳо тадбирҳо меандешад. Дар ин росто Худойбердӣ Холиқназаров-муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар мегўяд, ки бо хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико ва СААШ аз Афғонистон, ки соли 2014 марҳила ба марҳила сурат мегирад, интизор меравад, ки дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ, ки байни Афғонистон ва Амрико ба имзо расидаанд, ҳудуди аз 20 то 60 ҳазор сарбозу афсари амрикоӣ ва нерўҳои низомии СААШ дар хоки ин кишвар боқӣ хоҳад монд ва онҳо ҷиҳати омода намудани мутахассиони низомии нерӯҳои амниятии Афғонистон ва таъмини амнияти ин кишвар дар ҳолатҳои муташанниҷ саҳм хоҳанд гузошт. Зикр шуд, ки воқеан масъалаи қисман баровардани нерӯҳои низомии Амрико ва иттифоқчиёни он аз сарзамини Афғонистон на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои дигари минтақаро ба ташвиш овардааст, зеро фаъол будани гуруҳҳои террористию ифротгаро, хусусан харакати «Толибон» дар Афғонистон, ки намояндагони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин гуруҳои ифрогаро шомиланд, барои амнияти давлатҳои минтақа хатар ба бор меоранд. Дар ин самт давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати таҳкими марзҳои худ бо Афғонистон ва таъмини суботу амнияти кишвар тадбирҳои таъхирнопазир андешад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






