Тоҷикистон дар зинаи 8-уми Ҷоми Иттиҳод

Январь 28, 2013 15:00

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). Шоми гузашта дар маҷмааи варзишии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии охирини худ дар Ҷоми Иттиҳод аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва бо ин тартиб миёни 12 даста дар зинаи 8-ум мустақар гардид.   Ҳамчунин дирӯз бозии ниҳоии ин мусобиқа байни дастахои Русия ва Украина баргузор шуд, ки дар он дастаи мизбон бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида, бори дуввум ғолибияти ин мусобиқаро ба даст овард. Дастаи мунтахаби Украина ҷойи дуввум ва дастаҳои Беларусу Литва ҷойҳои сеюму чорумро касб карданд. Натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Иттиҳод нисбат ба соли гузашта бештар назаррас аст, зеро дастаи мунтахаби кишвар соли гузашта дар мақоми 11-ум қарор гирифта буд.

Январь 28, 2013 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад