«Тоҷикматлубот»дар Балҷувон меҳмонхона месозад
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои дохилии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои ривоҷи соҳаҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулоте, ки пештар аз хориҷи кишвар ворид мешуд, якчанд иқтидори истеҳсолӣ, ба монанди ҶДММ «Корхонаи коркарди пашму пӯст» дар ноҳияи Ваҳдат, ҶДММ «Корхонаи коркарди болопӯши пашмин» дар ноҳияи Данғара, корхонаи нави коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Б. Ғафуров, Ховалинг, Файзобод, инчунин корхонаи истеҳсоли нон, ду сехи қаннодӣ ва як сехи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. «Мо ният дорем, ки дар давоми соли равон ду корхонаи нави коркарди меваю сабзавот, як корхонаи коркарди меваи хушк ва инчунин меҳмонхона дар ноҳияи Балҷувон, чойхона ва тарабхона дар ноҳияи Данғараро сохта, навсозии корпуси илмӣ дар ДДТТ-ро ба анҷом расонем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев. «Дар соли сипаригашта корхонаи коркарди болопӯши пашмини ноҳияи Данғара зиёда аз чор ҳазор полопӯш ва болишт истеҳсол намуд», — афзуд раиси Раёсат, — ва ин корхона имкон дорад, ки дар соли равон ҳафт ҳазор болопӯш истеҳсол карда, ба мизоҷон пешкаш намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






