Толиб Айёмбеков 50 % қарзҳои «Амонатбонк»-ро напардохтааст
Душанбе, 14 январ . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Роҳбари Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Гулнора Ҳасанова гуфт, Толиб Айёмбеков, фармондеҳи пешин дар вилояти Бадахшон ҳудуди 50 дарсади қарзҳои худро ба ин бонк пардохт кардааст. Роҳбари ин бонк, бо таъйиди ин хабар дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар давоми солҳои 2008 то 2010 Толиб Айёмбеков аз “Амонатбонк” 400 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, аммо дар муддати пешбинишуда ин миқдор маблағи қарзро барнагардондааст. Гулнора Ҳасанова афзуд: «Дар мавриди қарздории Айёмбеков аз «Амонатбонк» дар расонаҳо рақамҳои гуногун низ нашр шудаанд. Бар асоси қонуни Тоҷикистон иттилоъ дар бораи ҳисобҳои бонкии муштариён махфӣ аст ва дар ҳолати боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муштарӣ ё бо дархости расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин иттилоъ ошкор хоҳад шуд».Ба гуфтаи масъулини Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ҳоли ҳозир 50 фисади қарзҳои Толиб Айёмбеков ба воситаи фурӯши гаравҳо, ки худи қарзгиранда мефурӯшад, пардохт шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






