У. Қурбонов: Ба ДДТТ аз 15 мамлакати хориҷӣ ба таҳсил меоянд

Январь 11, 2013 15:28

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Яке аз самтҳои Донишгоҳи тиббӣ- ин фаъолияти робитаҳои байналмилалӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсили илм, таҳкими корҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ дар байни донишҷӯёни хориҷӣ мебошад, гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов.Ӯ афзуд, ки ба донишгоҳ аз 15 мамлакати хориҷӣ ба таҳсил меоянд ва бояд гуфт, ки дар соли 2011 дар донишгоҳ 500 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекарданд. Аз онҳо 150 нафараш донишгоҳро бо муваффақият хатм карда, дар айни ҳол дар донишгоҳ 451 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсил доранд.Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таҳкими дӯстиву бародарии донишҷӯёни миллату халқҳои гуногуни донишгоҳ Низомномаи баргузории «Рӯзҳои фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар ДДТТ» таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар ин давом Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Покистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Январь 11, 2013 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад