Вазифаҳои Комиссияи миллӣ дар соли 2013 кадомҳоянд?

Январь 29, 2013 18:28

Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар»). — 28 январи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО доир гардид. Раиси Комиссия Мирзошоҳрух Асрорӣ дар оғоз баромад намуда, сипас котиби масъули комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова оид ба натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2012 ҳисобот дода, камбудиву дастовардҳои Комиссияро зикр намуд.  Дар ҷаласа масъалаҳое, ки дар соли 2013 ба иҷроишашон диққати махсус дод мешавад, аз тарафи аъзоёни Раёсати Комиссия мавриди муҳокима қарор дода шуд. Аз ҷумла 20-умин солгарди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону ЮНЕСКО (6 апрели соли 2013), муаррифии фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар тариқи Созмони ЮНЕСКО, омодагӣ ба 37-умин Конфронси Генералии ЮНЕСКО (моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Париж), таёрӣ ва баргузор намудани соли ҳамкориҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамраисии онро Дабири Кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба ӯҳда доранд, фаъолтар намудани ҳамкорӣ миёни Комиссияи миллӣ ва кумитаву идораҳои дахлдор ҷиҳати иштирок дар ҷаласаву вохӯриҳои кумитаҳои ЮНЕСКО ва интихоб дар он, пешниҳод оид ба кушодани Сафорат ва ё намояндагӣ дар Фаронса ҷиҳати пешбурди масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, таҷлили ҷашнвораҳои шахсиятҳои маъруф барои солҳои 2014-2015 ва амсоли инҳо муҳокима ва баррасӣ шуданд. Умуман, аъзоёни Раёсати Комиссияи миллӣ ҳисоботи котиби масъулро қаноатбахш пазируфта, ҷиҳати амалӣ намудани масъалаҳои гузошташуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Январь 29, 2013 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!