Вохўрии шарикони сетарафа

Январь 25, 2013 15:55

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии шарикони сетарафа баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, вохӯрӣ бо иштироки муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он ва ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаҳои марбут ба иҷрои бандҳои нақшаи амал оид ба татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмиллалии меҳнат “Дар бораи меҳнати арзанда барои солҳои 2011-1013”дар соли 2012 мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, таклифу пешниҳодҳои мушаххас барои иҷрои бандҳои нақша барои соли 2013 манзур карда шуд, -хабар дод манбаъ.

Январь 25, 2013 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад