З. Азизов: «Ба ҳар судя баррасии 2700 парванда рост омад»
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Тоҷикистон миқдори иштибоҳоти судӣ коҳиш ёфтааст. Дар ин бора 7 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов изҳори назар кард. «Агар дар соли 2010 шумораи умумии иштибоҳоти судии рухдода зиёда аз 800 ҳодисаро ташкил дода бошад, дар соли 2011 он то 748 ҳодиса коҳиш ёфтааст ва дар соли гузашта аз ҷониби мақомоти олӣ 616 қарори судӣ бекор карда шуданд», — таъкид намуд З.Азизов. Умуман,- зикр кард раиси Шӯрои адлия, — дар соли гузашта аз ҷониби ҳамаи судҳои ҷумҳурӣ 123 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва оилавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 441 судя фаъолият дорад ва дар як сол ба ҳар кадоми онҳо баррасии аз 200 то 400 парванда рост меояд. З.Азизов илова кард, ки «имсол ба ҳар судя баррасии 2700 парванда рост омад».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






