Захираҳо афзун-бозорҳо арзон
Кӯлоб, 31 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Кӯлоб гардиши мол ва хӯроки умумиро ба 2 миллиону 497 ҳазору 600 сомонӣ расонид, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзуда, 106 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011 – 2013 масъулини ҷамъият мувофиқи шартнома аз хоҷагиҳои вилояти Суғд ба шаҳри Кӯлоб 205 тонна картошка, 105 тонна пиёз ворид сохта, бо нархи арзон дастраси мизоҷон гардониданд. Дар айни ҳол дар анбори ҷамъияти матлубот 201 тонна картошка, 256 тонна сабзавот, 227 тонна пиёз, 40 тонна мева, 80 тонна ғалладона, 75 тонна ангиштсанг ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум захира шудааст. Дар ин давра аз тарафи ҷамъият ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Роғун ба роҳ монда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






