Захираи кофӣ барои зимистонгузаронӣ

Январь 26, 2013 11:50

Кӯлоб, 26 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Матлуботчиёни ноҳияи Ховалинг бо истифода аз захираҳои дохилӣ миқдори муайяни маводи хӯрокӣ ва маводи сӯхт захира намуда, ба савдо бароварданд, ки ин дар муътадил нигоҳ доштани нарх дар марказҳои савдо ва бозори марказии ноҳия мусоидат мекунад. Бо назардошти сард будани иқлими ноҳияи Ховалинг ҳамасола матлуботчиён захираи меваю сабзавот, картошкаю пиёз, орду равған, шакар ва дигар намуди маводи хӯрокиро зиёд гардонида, ин мавсим дар захира намудани маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ барои зимистонгузаронӣ соҳибкорони маҳаллиро низ ҷалб намуданд. Ба гуфти кормандони раёсати матлуботи ноҳияи Ховалинг захираи имсола кофӣ буда, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ барои захираи маҳсулот барои солҳои минбаъда аллакай аз оғози соли 2013–ум шуруъ гардидааст.

Январь 26, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад