Зарурат ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-Донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз моҳи феврали 2013 ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ва пеш аз дипломӣ сафарбар мешаванд. Бо мақсади мустаҳкам намудани донишҳои аниқи назариявӣ, ба даст овардани таҷрибаи корӣ ва гузаронидани давраи таҷрибаомўзии истеҳсолӣ байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Вазорати молияи ҶТ, Вазорати энергетика ва саноат, Агенти омор, БДА «Амонатбонк», КВД «Тоҷиксуғурта», «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва Суди Олии иқтисодӣ шартномаи тарафайни ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ин дар баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия нақши муҳим мебозад.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷиҳати тақвияти ҳамкории байни Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва беҳтар намудани сифати тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа Созишномаи дуҷониба ба имзо расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






