100 ҳазор сомонӣ доруворӣ ба ВКД

Февраль 26, 2013 15:13

Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯзҳо бо мақсади мусоидат намудан дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби корхонаву ташкилотҳои бонуфуз ба мақомоти корҳои дохилӣ кӯмаки беғаразона расонида мешавад.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, чунин як кӯмаки башардӯстона аз ҷониби директори Маркази «Клиникаи офият ва азнавбарқароркунии пайрави Сино»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситам Алиматов ба Вазорати корҳои дохилӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ доруворӣ ҳамчун ёрии башардӯстона расид. Қобили зикр аст, ки ин амали ҷавонмардона ба мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, балки дар вазъи сиҳатию саломатии онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кӯмаки амалӣ мерасонад. Ин амали хайр барои дигар ташкилоту ширкатҳое, ки имконияти дастгирӣ намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доранд, бояд намунаи ибрат бошад, то ки дар таъмини тинҷию амонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳиссаи худро гузоранд.

Февраль 26, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия