Ғалабаи «Истиқлол» бар «Оқтеппа»
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар ин рӯзҳо клубҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нав тайёрӣ мебинанд. 19 феврал дастаҳои «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе ва «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода вохӯриҳои навбатӣ гузарониданд.Назар ба хабари сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», футболбозони клуби пойтахт дар шаҳри Қайроққум бо дастаи «Оқтеппа» — и Қазоқистон вохӯрда, бо ҳисоби 4 бар 2 ғалаба карданд.Дастаи «Истиқлол» 21 феврал бо дастаи «Эсхата» — и шаҳри Хуҷанд вомехӯрад. Клуби «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода, ки ба мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё тайёрӣ мебинад, дар шаҳри Белеки Туркия бо клуби «Младеноватс» — и Сербия вохӯрда, бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






