Ҳайати Тоҷикистон оромгоҳи Мавлоноро зиёрат мекунад
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки дар Покистон қарор дошт, имрӯз ба Туркия парвоз кард. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар конфронси якуми Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Исломобод қарор дошт ва бо роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои СҲИ мулоқот анҷом дод. Аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар Туркия бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони тоҷику турк мулоқот анҷом хоҳад дод. Интизор меравад, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Қунияи Туркия сафар карда, оромгоҳи мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро зиёрат кунад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






