Ҳалокати 5 нафар дар садама
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 12 феврал ронандаи мошини тамғаи «Мusso» Абдураҳмон Каримови 37-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар километри 196-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба мошини тамғаи «Мusso» таҳти идораи ронанда Қаҳҳор Раҳматов, сокини ноҳияи Истаравшан бархӯрда, ба чуқурии канори рости роҳ чаппа шудааст. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар натиҷа ронандаи мошини «Мusso» А. Каримов ва мусофиронаш Зикруллоев Шукрулло Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1991, Норова Шоира Ёрмаҳмадовна, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 3-юми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ¹8, Норова Мафтуна Ёрмаҳмадовна, соли таваллудаш 2007 ва Норова Зайнатбибӣ Аъзамовна соли таваллудаш 1987, сокинони деҳаи Ревомутки н.Мастчоҳ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дигар мусофирони мошин Норов Ёрмаҳмад Ниёзович, соли таваллудаш 1978, Норов Азизмаҳмад Ниёзович, соли таваллудаш 1987, сокинони деҳаи Ревомутк ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарианд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






