Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия қаноатбахшанд

Февраль 12, 2013 10:06

Душанбе, 12 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар Исломобод зимни мулоқот бо ҳамтои турки худ – Раиси Маҷлиси Бузурги Туркия Ҷемил Чичек дурнамои тавсеаи рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ намуд. Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки муносиботи ду кишвари дўст раванди рў ба рушдро касб кардааст ва мо умедвор ҳастем, ки равобити Тоҷикистону Туркия дар оянда ба сатҳи олӣ хоҳад расид. — -«Мо ҷонибдори густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар ҳастем», таъкид кард раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон. Раиси парлумони Туркия Ҷемил Чичек зикр намуд, ки муносиботи кишварҳои мо дар сатҳи олӣ ҷараён дорад, вале мо бояд барои тақвияти равобит фазои қонунгузории кишварҳоямонро такмил диҳем ва ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсату иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ заминаи мусоидеро ба вуҷуд орем.  Мусоҳибон дар масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, хусусан Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, равобит дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сохтмон ва коммуникатсия, сармоягузорӣ, энергетика, фарҳанг, илму маориф ва дигар соҳаҳо табодули назар намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи Афғонистон ва авзои минтақа ибрози назар карданд.

Февраль 12, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд