Ҳамкориҳои судманд идома дорад
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар оғози вохӯрие, ки имрӯз бо иштироки директори кишварии Хазинаи нуфуси СММ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷаноби Карл Кулесса сурат гирифт, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ Карл Кулесса бо арзи сипос изҳор намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар сатҳи баланд, бешак барои самаранок ва сари вақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои муштарак мусоидати фаъол хоҳанд кард. Ҳамзамон К. Кулесса аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






