Ҳамла ба нуқтаи мубодилаи асъор

Февраль 6, 2013 16:35

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 5 феврал сокини ноҳияи Конибодом Акмал Маннонов бо гумони сӯйиқасд ба куштор аз ҷониби кормандони ВКД дастгир шуд.Тавре ки сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, гумонбар бо мақсади роҳзанӣ ва куштор ба нуқтаи мубодилаи асъори «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Шарқии шаҳри Хуҷанд рафта, корманди нуқтаи мазкур Равшан Юсуфҷонов, соли таваллудаш 1972, сокини маҳаллаи 12-ро бо истифодаи корди хоҷагӣ захмдор намуда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст ва аз он ҷо 427700 суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 16760 рубли Федератсияи Русия, 16221 доллари амрикоӣ ва 4608 сомонӣ маблағи пулиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар сӯйиқасд ба куштор А .Маннонов дастгир шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Февраль 6, 2013 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд