Ҳамоиши рўнамоии китоби «Фарҳанги Доро»
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрўз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии рўнамоии китоби «Фарҳанги Доро» баргузор гардид.Лозим ба ёдоварист, ки китоби мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсию тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба чоп омода гардида, натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ Доро Наҷот мебошад.Дар ҳамоиш вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, директори Пажуҳишгохи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои ҶТ Акбар Турсон, муҳаққиқон аз Академияи илмҳои ҶТ, адибони шинохтаи кишвар ширкат намуда, доир ба китоби мазкур фикру мулоҳизоти хешро баён намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






