Ҳашар барои ободонӣ

Февраль 15, 2013 09:44

Кӯлоб, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бо мақсади тозаву озода намудани маҳалли зист ва ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия сокинони ҷамоати Маскави ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия барои шинонидани дарахтони гуногуни мевадиҳандаю ороишӣ, гулу гулбуттаҳои мавсимӣ ва тоза намудани партовгоҳҳои кӯчаҳо ба ҳашар баромаданд. Сокинони ноҳия бо ҳисси ифтихор аз дастовардҳои солҳои истиқлолият дар ҳашарҳои дастаҷамъона ва дигар чорабиниҳо ширкат варзида, дар ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳалла ва хиёбону гулгаштҳои маҳали зисти хеш саҳми хешро мегузоранд.

Февраль 15, 2013 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд