Ҷӯрабеко аз ту дорам ифтихор…
Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев).- «Вассофи диёри бостонӣ»-чунин ном дорад китобе, ки нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон намуд. Китоб меҳрномае ба ифтихори 70-умин солгарди зодрӯзи устоди беназири санъати овозхонии тоҷик, ҳунарманди мардумии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов аст. Дар китоб суханони меҳрбори бузургон Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Лоиқ, Чингиз Айтматов, Зафар Нозим, Гулназар ва дигарон ҷамъ оварда шуда, бо аксҳои лаҳзаҳои хотирмон ҷолиби диққат аст.Устоди бузурги санъат Ҷӯрабек Муродов дар тӯли фаъолияти эҷодӣ бештар аз 450 оҳанг офаридааст. Ӯ соҳиби мактаби шӯҳратёри эҷодӣ ва сабку усули нотакрори ҳунарӣ буда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Мураттибони китоб Асрори Сомонӣ ва Ҳабиб Сулаймонӣ мебошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






