Ҷаласаи ҷамъбастӣ
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов дар ҷараёни ҷаласае, ки 12 феврал баргузор гардид, дастурҳои дастгоҳи вазорат ва созмонҳои зертобеъ оид ба роҳандозӣ намудани тадбирҳои ҷумҳуриявӣ барои давраи то 1 феврали соли 2013 – ро мавриди баррасӣ қарор дод.Қосим Қосимов ҳамчунин ҳозиронро бо вазифаҳое шинос намуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 11 феврали соли 2013 дар ҷаласаи Ҳукумат ба миён гузошта буд. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамчунин барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба интернати кӯҳансолону маъюбони ноҳияи Ёвон, гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши ниҳолҳои дарахтони мева, парвардаю гул ва тухмии зироатҳои мухталиф дар вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ дастурҳо дода шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






