Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ

Февраль 28, 2013 09:13

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).- 26 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» дар мақомоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон ҷаласаи нахустини Шӯрои хамоҳангсози байни идоравӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи нахустин аъзои Шӯро перомуни меъёрҳои байналмиллалӣ оид ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешомади қабули «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020», муаррифии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, сатҳи таълими ҳуқуқи инсон дар муасисаҳои олии таълимӣ ва такмили ихтисос» табодули афкор намуданд.Ҳамчунин дар нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози байни идоравӣ муовини раис ва котиби Шӯро пешниҳод ва аз тарафи иштирокдорон интихоб гардиданд. Шӯро фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур ҳамоҳанг месозад. Татбиқи Барнома дар се марҳила амалӣ мегардад: марҳилаи якум солҳои 2013-2014, марҳилаи дуюм солҳои 2015-2018, марҳилаи сеюм солҳои 2019-2020.Дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсози байнидоравӣ барои давраи якум – солҳои 2013-2014 тасдиқ гардид.

Февраль 28, 2013 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд