Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи давлатӣ
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Масъалаҳои вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ» дар мулоқоти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо директори Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои суғуртавӣ ва нафақавӣ Евгений Аметов муҳокима гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохўрӣ баргузории конфронсе, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.Зикр кардан ба маврид аст, ки Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳанўз аз соли 1992 узви Ассотсиатсияи мазкур мебошад ва дар миёни дигар давлатҳои аъзои ИДМ аввалин шуда, механизми пардохти маблағҳои андўхти нафақавии шахсони суғурташударо ба роҳ мондааст. Ҳоло ин масъала дар кишварҳои дигар ҳамчун таҷриба мавриди омўзиш қарор дода шудааст.Ташаббуси мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои суғуртавӣ ва нафақавӣ мақсад гузошт, то конфронси сатҳи байналмилалиро вобаста ба масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳо дар шаҳри Душанбе доир намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






