Ҷамъомади соҳибкорони Тоҷикистону Австрия
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 13 феврал дар шаҳри Душанбе масоили омодагӣ ба ҷамъомади соҳибкорони Тоҷикистону Австрия, ки бояд дар ҷараёни сафари Президенти Австрия Ҳайнс Фишер ба Тоҷикистон баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор гирифт. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси Палатаи савдо ва саноти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва муовини роҳбари шӯъбаи тиҷоратии Сафорати Австрия Аленки Ораше масоили зикршударо баррасӣ намуданд.Зикр шуд, ки дар ҷараёни сафари Ҳайнс Фишер Созишномаи байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи федералии иқтисодии Австрия ба имзо расонида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






